Пресс служба

08.05.2024 10:23:52
Санаи 1 майи соли 2024 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо мушовирони масоили рушди Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир – Мирзо Ҷаҳонӣ ва Севит Гетакю, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ташриф овардаанд, баргузор гардид.
       Дар мулоқот, инчунин Cафири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Тим Ҷонс иштирок намуд.
        Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф ва илм, инчунин дигар мавзӯъҳои мавриди назар мубодилаи афкори судманд намуданд.

Powered by Froala Editor